Мардуми Тоҷикистон 3 рӯз истироҳат мекунанд
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бинобар дар Тоҷикистон таҷлил шудани Соли нави мелодӣ аҳолии кишвар 3 рӯз, яъне аз 31 декабр то 3 январ истироҳат мекунад.Чун 31 декабр ба рӯзи шанбе рост омада ва рӯзи муқаррарии истироҳат маҳсуб мешавад, таносубан 1 январ ба рӯзи якшанбе рост омада ва ин рӯз мувофиқи қонун «Дар бораи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон» ба рӯзи душанбеи 2 январ гузаронида мешавад. 3 январ рӯзи корӣ аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев хабар дод.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






