Масъалаҳои об дар ҷаласаи Ню-Йорк
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Чанде қабл дар шаҳри Ню-Йорк Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи Гурӯҳи дӯстони об (Water Friends Group)-ро дар мавзӯи «Роҳ ба сӯи Конфронси Рио+20: Масъалаҳои об” дар сатҳи сафирон баргузор намуд. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа кишварҳои аъзои Гурӯҳи дӯстони об ва ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид иштирок карданд. Ҷаласаро Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ба ҳайси раиси Гурӯҳи дӯстони об ифтитоҳ намуд.Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ҳозиринро бо натиҷаҳои Конфронси тадорукотии Душанбе, ки 19₋20 октябри соли ҷорӣ зери унвони «Роҳ ба сӯи Конфронси СММ оид ба рушди устувор (Рио+20): масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об» барпо гардида буд, ошно сохт. Роҳбари ҳайати доимии кишвар дар СММ инчунин дар бораи иқдоми дигари Тоҷикистон оид ба баргузор намудани ҳамоиши ҳамёрӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаи об бо мақсади рушди устувор» (Partnership Forum on “Water Cooperation for Sustainable Development”) дар чаҳорчӯби Конфронси Рио+20 гузориш дод.Тазаккур дода шуд, ки ҳамоиши мазкур бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи бештари кишварҳои узви СММ ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар раванди татбиқи ҳадафҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, бахусус дар Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ₋ 2013, табодули таҷриба дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар масъалаҳои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, ҳифзи захираҳои об ҳамчун омили калидии рушди устувор созмон дода шудааст. Дар ҷаласа намояндагони Маҷористон, Олмон, Фаронса, инчунин роҳбарияти Дафтари ҳамоҳангсози масъалаҳои Конфронси Рио+20, Ҳайати мушовараи Дафтари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои об ва беҳдошт (UNSGAB), Котиботи СММ-Об (UN-Water) ва дигарон дар масъалаҳои калидии рӯзномаи Конфронси Рио+20 суханронӣ намуданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






