Машварати корӣ дар ҳузури Сарвари давлат доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар мавзеи бунёди НБО «Роғун»

Декабрь 6, 2011 08:48

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рўзи 5 декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар мавзеи бунёди нерўгоҳи «Роғун» машварати корӣ доир намуд.Дар машварат доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ ба идомаи сохтмони ин иншоот, истифодаи ҳадафмандона ва сарфакоронаи маблағҳои ҷудошуда, сифати корҳо ва ҳамкорӣ бо коршиносони байналмилалӣ оид ба ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи «Роғун» ҳисоботи Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми корҳои барқарорсозии иншооти қаблан бунёдёфта ва омодагӣ ба идомаи сохтмон бо сифати баланд ва дар ҳамкорӣ бо коршиносони ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд. Бинобар таъкиди Президенти кишвар, ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд баръало донад, ки ин иншоот бояд садсолаҳо ба Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат мекунад. Таъкид гардид, ки принсипи шаффофият ва эътимодбахшӣ дар ташхиси байналмилалии техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳа бояд пурра ва бечуну чаро риоя карда шавад. Ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки истифодаи босамар ва сариштакоронаи ҳар як сомонии маблағҳои буҷетӣ ва аз ҳисоби саҳмияҳои мардум ҷудошуда таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Декабрь 6, 2011 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад