Муҳокимаи Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Соли 2010 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи коршиносон натиҷаҳои амалисозии Барномаи «Системаи давлатии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баҳогузорӣ намуд. Дар асоси ин баҳогузорӣ дар «Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2011-2015» баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамчун афзалият қабул карда шуд.Вобаста ба ин бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 28 июни соли 2011 аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои соли 2012-2016» таъсис дода шуда, дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба фаъолият оғоз кард.Вобаста ба натиҷагирии фаъолияти гурӯҳи корӣ рӯзи 9 декабри соли 2011 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар мавзӯи «Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон – даъватҳо ва вазифаҳои нав» конфронс баргузор намуд, ки ҳадаф аз баргузории он муҳокимаи лоиҳаи Барномаи нав дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.Таҳияи Барномаи нав оид ба таҳсил дар соҳаи ҳуқуқи инсон бо назардошти тавсияҳо ба такмили низоми таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, омодасозии ҷомеа ва кормандони мақомоти давлатӣ равона шуда, механизми самараноки пешрафти ҳуқуқҳои инсон ба шумор меравад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






