Муаррифии захираҳои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ба ширкатҳои Олмон
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ширкату корхонаҳои гуногуни Ҷумҳурии Федеролии Олмон мулоқоти басо судманд анҷом дод. Ҳадафи асосии мулоқот муаррифии имкону захираҳои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҷалби сармояи ширкату корхонаҳои олмонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак буд. Дар оғози мулоқот миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Зимни мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан лоиҳаҳои сершумори сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвари моро муаррифӣ намуда, ҳавасмандии ҷиддии роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва соҳибкорони хусусии Олмонро бедор намуд. Раиси Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Райнер Линднер ва Роҳбари Агентии энергетикии ин кишвар Штефан Колер изҳор доштанд, ки барои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ бо Тоҷикистон омодаанд аз сухан ба амал гузаранд.Штефан Колер бо ишора ба имзо шудани санади дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика изҳор дошт «Агентии энергетикии Олмон аз ҷумлаи он созмонҳое нест, ки санадҳои имзошударо пайгирӣ накунад». Ў таъкид дошт, ки ба наздикӣ бо ҳайати бонуфузе ба Тоҷикистон омада, барои оғоз ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика тасмимгирӣ мекунанд. Ҳамин гуна таваҷҷуҳ, ҳамчунин ба соҳаҳои коркарди маъданҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, рушди туризми кўҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт зоҳир карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






