Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ бо сафири Куриё
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 12 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Низомиддин Зоҳидов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон Ҷон Дэ — ван баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни сӯҳбат дурнамои рушди муносиботи дуҷониба дар чунин соҳаҳо, аз қабили ташаккули минбаъдаи заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, густариши ҳамкорӣ дар доираи Агентии ҳамкории байналмилалии Куриё, ҳамчунин таҳкими ҳамкорӣ дар бахши фаъолияти мутақобилаи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмию маърифатиро, мавриди муҳокима қарор доданд.Ҷонибҳо ҳамчунин аз рӯи масоили муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






