Мулоқоти Р. Назаров бо сафири Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 13 декабр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси ҷониби Норвегия мулоқоти директори Агентии мазкур Рустам Назаров бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Даг Малмер Ҳалворсен доир гардид.Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, Даг Малмер Ҳалворсен ба масоили вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва Афғонистон мароқ зоҳир намуд.Директори Агентӣ сафири Норвегияро бо вазъи интиқоли маводи мухаддир дар минтақа, фаъолияти Агентӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ шинос намуда ва ба пуштибонии Ҳукумати Норвегия аз мубориза бо маводи мухаддир баҳои баланд дод.Дар ҷараёни вохӯрӣ пешниҳодҳо дар заминаи ҳамкориҳо дар доираи САҲА, ҳамчунин самтҳои ҷудогонаи фаъолиятҳо бо Ҳукумати Норвегия ироа шуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






