Мутобиқсозии стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои журналистӣ ба низоми кредитӣ
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Субҳи имрӯз бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» дар мавзӯи «Мутобиқгардонии стандардҳои давлатии таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои журналистӣ ба низоми кредитии таҳсилот» мизи мудаввар баргузор гардид. Мавзӯи асосии нишаст мусоидат намудан ба таҳияи стандартҳои нави таълимии ихтисосҳои журналистика ва бо ҳамин роҳ таъмин кардани рақобатпазирии мутахассисони соҳа аст, ки дар доираи лоиҳаи «Мутобиқгардонии стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба ихтисосҳои журналистӣ ба стандартҳои байналмиллалӣ», ки аз ҷониби шӯъбаи тоҷикистонии Институти Ҷамъияти кушода-«Бунёди Мадад» дастгирӣ ёфтааст, сурат гирифт. Мавриди зикр аст, ки гузариш ба низоми кредитии таҳсилоти бисёрзинагӣ аз талаботи муҳим дар Созишномаи Болония аст. Ба хотири ҳамгунсозии низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо системаи таҳсилоти кишварҳои дигар, бо мақсади вуруди баробарҳуқуқ ба фазои таълимии байналмилалӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳаи маориф Вазорати маорифи ҶТ аз 22 сентябри соли 2004 тасмим гирифтааст, то донишгоҳҳои ҷумҳуриро тадриҷан ба низоми кредитии таҳсилот гузаронад. Зимни нишаст қайд карда шуд, ки мутаассифона, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки ихтисосҳои журналистӣ доранд, бинобар фароҳам набудани шароиту имкониятҳои зарурӣ дар гузариш ба ин низом ба муаммову мушкилоти зиёд рӯ ба рӯянд. То ҳанӯз мавҷуд набудани стандартҳои давлатии таълими ихтисосҳои журналистӣ мувофиқи низоми кредитии таҳсилот аз ҷумлаи ин мушкилот аст. ТҶ «Журналист» дар ҳамкорӣ бо роҳбарият ва устодони факултаву шӯъбаҳои журналистика, Вазорати маорифи ҶТ, журналистон ва коршиносони соҳа тасмим гирифтааст, ки стандартҳои ихтисосҳои журналистиро омода намояд. Дар нишаст пас аз шунидани маърӯзаҳои мутасаддиёну коршиносон ва дастандаркорони тадбиқи низоми кредитии таҳсилот, баҳсу мунозира, табодули афкор перомуни зарурати таҳияи стандартҳои давлатии таълимии ихтисосҳои журналистӣ вобаста ба тақозои талаботи низоми кредитии таҳсилот сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






