Нобудсозии беш аз 10 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Декабрь 6, 2011 16:36

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Аз ҷониби мутахассисони нозироти савдои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихӯроквории мўҳлати истеъмолашон гузашта ва пастсифату ғайристандартӣ дарёфт ва мусодира гардид. Аз маркази матбуоти Агентии “Тоҷикстандарт” ба мухбири АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки ин гуна маҳсулот асосан аз чой (65 кг), маҳсулоти қаннодӣ (886 кг), ҳасиб (480 кг), шир (3000 кг), хуришҳо(4876 дона), ҳар гуна витаминҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин (3000 дона), ки барои кўдакон пешбинӣ шудаанд, нӯшобаҳо(1860 литр) ва баъзе анвои молҳои ниёзи мардум иборатанд ва дар маҷмўъ қариб 10 тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти боздоштшуда бар асоси ташхиси озмоишгоҳи Агентии “Тоҷикстандарт” ғайристандартӣ дониста шуда, 6 декабр бо дастури комиссияи салоҳиятдор нобуд карда шуд. Як қисми маҳсулоти ғайристандартӣ, тибқи муқаррарот ва хулосаи комиссия ба сифати хўроки чорво ба “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе интиқол гардид.Камбудиҳои содиршуда аз надоштани дониши ҳуқуқӣ ва маданияти пасти соҳибкорону фурўшандагон дарак медиҳанд Дар баробари ин соҳибкороне ҳастанд, ки бо дарки масъулиятшиносӣ ва ташаббуси худ ба Агентӣ перомуни нобудсозии маҳсулоти мўҳлати истеъмолашон гузашта муроҷиат менамоянд. Масалан, ҶДММ “Мастер-Трейдинг М” доир ба нобудсозии 2500 кг шир ва аз тарафи мудири Маркази савдои “Арбат” оид ба нобудсозии консерваҳои сабзавотӣ, нўшоба ва шарбатҳои гуногун (ҷамъ 4000 кг), ки мўҳлати истеъмолиашон гузаштааст, ба агентӣ муроҷиат намуданд ва бо иштироки комиссияи салоҳиятдор ин мавод нобуд карда шуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки Агентии “Тоҷикстандарт” якҷоя бо мақомоти дахлдор вуруди маҳсулоти ниёзи мардумро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати қатъӣ қарор дода, бозори истеъмолии мамлакатро аз маҳсулоти пастсифату ба талабот ҷавобгўй набуда ва мўҳлати истифодаашон гузашта ҳимоя менамояд.

Декабрь 6, 2011 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст