Оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон оғоз ёфт. Ба истиқболи меҳмони олимақом фурудгоҳи байналмилалии Тегели шаҳри Берлин бо парчамҳои давлатии Тоҷикистону Олмон ва саф оростани ҷузъу томҳои горди фахрии ин кишвар оро ёфта буд. Дар ҷараёни сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федеролии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Кристиан Вулф, Канслери федералии Олмон Ангела Меркел, роҳбарияти Парлумон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар мулоқотҳо анҷом медиҳад. Имзои якчанд санади нави ҳамкорӣ, форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷикону ҳамватанони муқими ин кишвар низ дар назар аст. Худи ҳамин рўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисод ва технологияи Олмон Филин Рёслер мулоқот намуда, бо фаъолияти ширкатҳои бузурги Сименс ва Бош аз наздик шинос мешавад. Мулоқот бо тоҷикону ҳамватанони муқими Олмон низ ҳамин рўз баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон иттилоъ дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






