Оҳангҳои бастакори тоҷик дар Испаниё танинандоз шуданд
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр ). – 16 декабр дар шаҳри Овейдои Испаниё консерти мусиқии муосири ҷаҳони Оркестри симфонии Овейдо бо асари Фарангис Нурулхоҷа, ҷоизи байналмилалии озмуни мусиқии муосир дар соли 2011, бастакори шведию канадагии табааи тоҷик, оғоз гардид. Фарангис Нурулхоҷа консерваторияи шаҳри Готебурги Шведсияро хатм карда, сипас дар Фаронса, ИМА ва Сан — Диего таҷриба омӯхтааст. Асарҳои ӯро оркестрҳои симфонию камеравии Шведсия, Фаронса, Ҷопон, Амрико, Олмон, Автрия, Чин, Испаниё ва Норвегия иҷро кардаанд.Хотирнишон месозем, ки шаҳри Овейдо маркази фарҳанги муосири ҷаҳон буда, дар он ходимони барҷастаи санъати мусоиқии ҷаҳони имрӯза мукофот гирифтаанд. Фарангис набераи бастакори машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






