Омори гендерӣ — василаи қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти мардум

Декабрь 27, 2011 11:36

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бо ибтикори Агентии омори назди Президенти ҶТ ва Бонки рушди Осиё дар шаҳри Душанбе семинари машваратӣ баргузор гардид.Тавре аз Агентии омори кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, семинар дар ҳошияи барномаи минтақавии « Густариши афзоиш бо назардошти ҷиҳатҳои гендерии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ», ки мамлакатҳои Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистонро дар бар мегирад баргузор гардид. Дар семинар директори Агентии омор Бахтия Муҳаммадиева, директори намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Ҷоҷӣ Такешӣ, ҳамчунин мутахассисони варзидаи вазоратҳо, Шӯрои ҳуқуқшиносон, Прокуратураи Генералӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.Иштирокдорони семинар натиҷаи фаъолияти минтақавӣ дар бахши ҷамъоварӣ, таҳлил ва истифодаи омори гендериро ба таври мусбат арзёбӣ намуданд.

Декабрь 27, 2011 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад