Озмун барои беҳтарин асари мусиқӣ
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2012 то 1 марти соли 2012 барои хариди асарҳои нав дар жанрҳои гуногуни санъати мусиқии касбӣ дар соли 2012, аз қабили суруд (бо ҳамовозии ҳайатҳои гуногуни мутрибон, ансамбли мусиқии камеравӣ, оркестри созҳои мардумӣ.), асарҳои мусиқӣ барои якканавозон ва ансамблҳои гуногун, асарҳои мусиқии рақсӣ ва эстрадӣ ва асарҳо барои хор ва оркестрҳои гуногуни мусиқӣ озмун эълон менамояд.Беҳтарин асарҳои жанрҳои гуногуни санъати мусиқӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ мешаванд. Озмун аввали моҳи март ҷамъбаст мегардад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси маркази матбуоти Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев хабар дод.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






