Сӯҳроб Шарипов вакил интихоб шуд
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 18 декабри соли ҷорӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансур №3 ба ивази вакили хориҷшуда интихоботи миёнадаврии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ки аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансур №3 аз 70 ҳазору 816 нафар интихобкунанда 62 ҳазору 337 нафар ва ё 88 фоиз иштирок намуданд. Аз ҷумла, ба тарафдории А. Ғаффоров 3724 нафар ё 5, 97 фоиз, ба ҷонибдории С.М. Оймаҳмадов 3810 нафар ё 6,11 фоиз, ба тарафдории А.А. Турсунов 3541 нафар ё 5, 68 фоиз ва ба ҷонибдории С.И. Шарипов 49 ҳазору 133 нафар ё 78,82 фоиз ва зидди ҳамаи номзадҳо 1238 нафар ё 1,99 фоизи интихобкунандагон овоз доданд. Ҷараёни интихоботи мазкурро 172 нафар нозир ва намояндагони ВАО назорат карданд. Ҳамин тавр, Шарипов Сӯҳроб Ибронович (соли таваллудаш 1963), ки аз тарафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, аз ин ҳавза вакили намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






