Самбои муҳорибавӣ ва омехта дар Душанбе
Душанбе, 27 декабр. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 20 январи соли оянда мусобиқаи байналмилалии самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехта (MIX-FIGHT) бо ширкати варзишгарони Русия ва Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Тавре ки раиси лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехта Аҳтам Хокиров аз шаҳри Санкт-Петербург ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин бора шартнома байни федератсияҳои Тоҷикистон ва Русия ба имзо расиданд. Дар мусобиқа 11 варзишгар ширкат мекунад. 5 вохӯрӣ дар риштаи самбои муҳорибавӣ ва 5 вохӯрии дигар дар намуди MIX-FIGHT гузаронида мешавад. Дар мусобиқа доварони дараҷаи байналмилалӣ ва барандаи чунин бозиҳо дар Русия Александр Загорский ҳузур хоҳанд дошт.Иштирокчиёни мусобиқа номбардорони лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехта бародарон Талдиевҳо дар вазнҳои 67 ва 70 кг, Сергей Галяев, Сергей Бал, чемпиони ҷаҳон, инчунин Александр Жуков, ду карат чемпиони Аврупо мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






