Соҳибкорони туркӣ имкониятҳои Тоҷикистонро меомӯзанд
Душанбе, 5 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Протоколҳои ҳамкорӣ оид ба омӯзишӣ масъалаи ташхиси истеҳсолоти коркарди нахи пахта ва пашм, инчунин оид ба таҷҳизоти техникаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба имзо расид. Дар робита ширкатҳои Конфедератсияи «TUSKON», «Ерсен Текстил» ва «Мiluza Group» Туркия масъалаи имконияти бунёди корхонаҳои коркарди нахи пахта ва пашм ва ширкати дигари туркӣ — «IGLI» масъалаи ба роҳ мондани истеҳсоли таҷҳизоти кишоварзиро дар Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳафтаи сипаришуда Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ як гурӯҳ роҳбарони ширкатҳои Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркияро ба ҳузур пазируфта буд, ки дар он масъалаи ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва саноат мавриди баррасӣ қарор дода шуда буданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






