Таълимотнома дар бораи омори нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонӣ
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Чанде пеш дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии омор баргузор гардид.Дар ҷараёни ҷаласа Таълимотнома дар бораи тартиби ба қайдгирии нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, ки аз ҷониби Агентии омор тарҳрезӣ шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сардори Раёсати омори нарх ва тааруфаҳои Агентӣ Б.Тӯраев перомуни тартиби ҳисоби нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонӣ муфассал ахборот дод.Аъзои шӯро таълимотномаро бо назардошти пешниҳодҳо маъқул ёфта, тавсия доданд, ки он аз соли 2012 ба мавқеи иҷро расонида шавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






