Таъмини ронандагон бо ҳуҷҷат
Кӯлоб, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Бахши ба қайдгирӣ ва имтиҳоноти шӯъбаи минтақавии БДА дар шаҳри Кӯлоб дар 11 моҳи соли ҷорӣ 22 ҳазору 124 имтиҳони амалӣ ва назарӣ гузаронида, 2 ҳазору 715 адад рақами давлатии воситаҳои нақлиёти шахсӣ, 2 ҳазору 773 адад шаҳодатномаи техникӣ, 8 ҳазору 768 адад шаҳодатномаи ронандагиро ба ронандагони воситаҳои нақлиёт додааст,- гуфт сардори шӯъба, лейтенанти калони милиса Кароматулло Боқиев. То имрӯз кормандони шӯъба 3 ҳазору 869 воситаи нақлиётро аз муоинаи техникӣ гузаронида, ба онҳо иҷозати ҳаракат додаанд ва дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 946190,25 сомонӣ ба мизоҷон хизмат расонида, аз ин маблағ 126904,11 сомонӣ ба буҷаи давлат ва 819286, 14 сомониро ба хазинаи БДА – и ҶТ ворид намудаанд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






