Таъсиси Шӯрои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Декабрь 26, 2011 15:30

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Бо мақсади ҷалби ниҳодҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ барои тартиб додан ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи стандартизатсия, баҳодиҳии мутобиқат ва дигар масъалаҳои танзими техникӣ дар назди Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») Шӯрои ҷамъиятии машваратӣ оид ба стандартизатсия ва баҳодиҳии мутобиқат таъсис дода шуд.24 декабр ҷаласаи нахустини Шӯро доир шуда ва дар он масоили марбут ба фаъолияти Шӯро муҳокима ва баррасӣ гардид. Шўро тасмим гирифт, ки дар давоми соли 2012 масъалаҳои фаъолияти Кумитаи техникӣ оид ба стандартикунонии маҳсулоти хўрокворӣ; кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳо; барномаи таҳияи стандартҳои давлатӣ; татбиқи стандартҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ доир ба энергоменеҷмент ва сарфаҷўии энергия; амалӣ намудани Стратегияи инфрасохтори сифат; ҷорӣ намудан ва сертификатсияи системаҳои сифат дар корхонаҳои ватанӣ ва дигар масоили мубрамро, ки ба пешрафти соҳа мусоидат мекунанд, пайгирӣ кунад.Ба ҳайати Шӯро мутахассисони варзидаи соҳаи танзими техникӣ, сифати маҳсулот, олимон ва ҳамчунин намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятию ассосиатсияҳо шомиланд. Мақсади асосии таъсиси Шӯро — аз байн бурдани монеаҳо дар савдо, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дар ин замина ҷалби ниҳодҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ барои тартиб додан ва татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи танзими техникӣ, мусоидат ба ташаккули афкори ҷомеа дар ҷодаи танзими техникӣ ва таъмини сифати маҳсулоти истеҳсолшванда, баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши ҷомеа дар бораи равандҳои асосии фаъолияти “Тоҷикстандарт” ва густариши равобити “Тоҷикстандарт” бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон мебошад.

Декабрь 26, 2011 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд