Таъсиси Шӯрои ҷамъиятии собиқадорон дар Агентӣ

Декабрь 19, 2011 15:14

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Мулоқоти собиқадорон ва кормандони масъули Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 15 декабри соли равон дар Дастгоҳи марказии Агентӣ доир гардид, бо пешниҳоди ташкили Шӯрои собиқадорон ба анҷом расид. Дар мулоқот баромадкунандагон аз фаъолияти 12 солаи пурсамари Агентӣ ёдовар шуданд. Дар муддати на чандон тӯлонӣ дар самти ташкили мубориза бо муомилоти маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, пешгирии нашъамандӣ, таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, тадбирҳо барои ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ташкил ва баргузории ин корҳо дар баробари кормандон, инчунин саҳми собиқадорон зиёд буда, онҳо поягузорони Агентӣ ба ҳисоб мераванд. Собиқадорон имконият доранд таҷриба, дониш ва маҳорати касбии худро ба кормандони ҷавони Агентӣ омӯзонанд.Иштирокчиёни ҷаласа қарор қабул карданд, ки Шӯрои собиқадорони Агентӣ ва Раёсати он дар ҳайати 9 нафар таъсис дода шавад. Лоиҳаҳои Ойинномаи Шӯро ва нақшаи кории он барои нимсолаи аввали соли 2012 таҳия шуда, барои муҳокима ва тасдиқ ба Раёсати Шӯро пешниҳод гардиданд.

Декабрь 19, 2011 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад