Тоҷикистону Малайзия санади ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
Душанбе, 27 декабр.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Малайзия дар бахши маориф зимни мулоқоти вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бо президенти Донишгоҳи техникию эҷодии «Лимкоквинг»-и Малайзия дар Душанбе баррасӣ шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои тарафайн мубодилаи афкор намуданд. Зикр шуд, ки дар оянда равобитро дар самтҳои таҳсилот дар зинаҳои гуногун тақвият мебахшанд. Ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар бахши маориф солҳои охир густариш меёбад. Дар доираи Барномаи ҳамкориҳои техникӣ бо Малайзия ҳамасола барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия бурсияҳо ҷудо мешаванд. Соли равон лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ таҳия ва бо вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа ва ба ҷониби Малайзия ирсол шудааст. Бояд зикр намуд, ки Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон бо Донишгоҳи техникию эҷодии «Лимкоквинг»-и Малайзия шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки мувофиқи он 5 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар ин донишгоҳ таҳсил менамоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






