Ватанов бо муҳоҷирони меҳнатӣ вомехӯрад

Декабрь 6, 2011 14:41

Душанбе, 6 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо супориши Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони мамлакат Маҳмадалӣ Ватанов 6 декабр ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард. Мавсуф зимни сафар ба Санкт-Петербург, ки он то 11 декабр идома меёбад, бо ҷараёни корҳои тафтишотӣ нисбати куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов, ки нимаи моҳи ноябр ба қатл расонида шуд, шинос мегардад. Назар ба иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон, ҳамзамон Маҳмадалӣ Ватанов дар Санкт-Петербург бо роҳбарон ва масъулини сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ин шаҳр ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик вохӯрию мулоқот анҷом медиҳад. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон М. Ватанов дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон аз натиҷаҳои сафараш ҳисобот хоҳад дод.Ёдовар мешавем, ки охири моҳи ноябр Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, нисбат ба куштори ваҳ- шиёнаи сокини ноҳияи Шаҳритус Бахтиёр Расулов дар Санкт-Петербург изҳорот пахш намуда, ин ҳодисаи нангинро шадидан маҳкум кард. Раиси Маҷлиси намояндагон дар изҳороти худ аз прокурори генералии Русия ва маъмурони шаҳри Санкт-Петербург қотеъона талаб намуд, ки нисбат ба қазияи мазкур тафтиши амиқ баранд.

Декабрь 6, 2011 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад