Ярмаркаи ниҳол дар Ҳамадонӣ
Кӯлоб, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бо ибтикори Раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб дар хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Ҳамадонӣ намоишгоҳ ва фурӯши ниҳол доир гардид, ки дар он раёсатҳои кишоварзии ноҳияҳо, олимони соҳа, намояндагони хоҷагиҳои ниҳолпарварии минтақа ва хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуданд. Мақсади асосии ташкили намоишгоҳ аз таъмини боғдорон бо ниҳолҳои хуб, ки сертификати сифат доранд ва омӯзиши тарзи шинонидану парвариши ниҳол иборат буд. Дар ярмарка 23 хоҷагии ниҳолпарварӣ беш аз 80 навъи ниҳолро пешкаш карданд. Намояндагони 150 хоҷагии деҳқонӣ барои хариди ниҳол бо хоҷагиҳои ниҳолпарвар шартнома бастанд. Аз рӯи нақшаи раёсати кишоварзии вилояти Хатлон чунин ярмаркаҳо то ҷашни Наврӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






