Заминҳои наздиҳавлигӣ ба муҳоҷирони дохилӣ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012» дар соли 2011 кӯчонидани 509 оилаи муҳоҷири дохилӣ (ихтиёрӣ) дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда, дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расонида шуд.Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои қарорҳо дар шаҳри Исфара ба 200 оилаи муҳоҷири дохилӣ (ихтиёрӣ), аз ҷумла аз мавзеъҳои нав ба 90 оилаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва 10 оилаи ҷамоати деҳоти Сурх аз мавзеи Айнии деҳаи Шӯроб, ба 50 оилаи ҷамоати деҳоти Чилгазӣ аз мавзеи Моҳпарӣ ва ба 50 оила аз ҳудуди шаҳр аз қасабаи 14 мавзеи Моҳпарӣ қитъаи замини наздиҳавлигй ҷудо гардид.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






