Қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шуданд

Январь 12, 2012 10:03

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ соли 2011 вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузории замин 631 санҷиш гузаронида ва 2 ҳазору 203 амру пешниҳод бароварда шудааст. Нисбат ба санадҳои ғайриқонунӣ қабул намудаи раисони ноҳияҳо ва дигар мақомоти ҷумҳурӣ 984 эътироз оварда шудааст. Дар давоми соли 2011 3 ҳазору 32 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Нисбат ба истифодаи ғайриқонунии замин 354 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва беш аз 896 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида ва 420 ҳазор сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шуд.Санҷишҳои прокурорӣ нишон доданд, ки ҳолати иҷрои қонунгузории замин дар ноҳияҳои Вахш ва Бобоҷон Ғафуров ба талабот ҷавобгӯ набуда, бар асари беназоратии раисони ноҳияҳои дар боло зикршуда қонуншиканиҳо вобаста ба истифодаи ғайриқонунии замин такрор ёфта, вазъият дар аксари минтақаҳо аз пешина ҳам ташвишовартар аст. Аз ин рӯ, бо дархости Прокуратураи генералӣ дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳисоботи прокурори генералӣ Салимзода Шерхони Одина вобаста ба вазъи пешомада шунида шуда, раисони ноҳияҳои Вахш ва Бобоҷон Ғафуров аз вазифаҳояшон барканор гардиданд.

Январь 12, 2012 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сайёҳии Манғистав муаррифӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон туҳфаҳои аввалини иқдоми «МегаМиллион»-ро тақдим намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд
Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид