Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бе иҷро монд

Январь 13, 2012 10:48

Душанбе, 13 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо мақсади иҷрои бандҳои 1 ва 4 –и Қарори ҲукуматиҶТ «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» ба ҳамаи корхонаҳои зертобеаш супориши ҷиддӣ додааст. Дар ин супориш гуфта мешавад, ки ҷиҳати ташкил намудани нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасрафи люминесентӣ ва дигар лампаҳои симобдори аз истифодабаромадаи аҳолӣ муштаракан бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.Бояд ёдовар шуд, ки корхонаҳои соҳаи коммуналӣ бо қувваи худ дар шаҳру ноҳияҳо нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасрафи люминесентиро ташкил намуданд ва дар давоми соли 2011 аз аҳолӣ ба миқдори 27 ҳазору 200 дона лампаҳои люминесентии аз истифода баромадаро ҷамъ овардаанд. Мутаассифона, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои безараргардонӣ ва интиқоли ин навъи лампаҳо ягон чораи мушаххасе ҷиҳати иҷрои бандҳои 1 ва 4 –и Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дида нашудааст.

Январь 13, 2012 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд