Ӯзбекистон таҳвили газ ба Тоҷикистонро фаровон мекунад

Январь 9, 2012 09:59

Душанбе, 9 январ. (АМИТ “Ховар”). – Яку якбора қатъ шудани интиқоли гази Ӯзбекистон барои Тоҷикистон дар ҷомеаи ҳарду кишвар овозаҳои мухталифе ба бор овард. Тавре маълум аст, масъалаи мазкур дар натиҷаи гуфту шунидҳои ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб дар муддати кӯтоҳ ҳалли худро ёфт. Ҷиҳати равшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур хабарнигори АМИТ “Ховар” бо раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгаз” Саидмамат Шарофиддинов ҳамсӯҳбат шуд. С. Шарофиддинов тазаккур дод, ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 январи соли ҷорӣ ҳайати ҳукуматии кишвар бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ҷиҳати мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба вобаста ба интиқоли газ ба Тоҷикистон ба шаҳри Тошканд сафар кард.Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини аввали Сарвазири ин кишвар Рустам Азимов вазифадор гардид, ки худи ҳамон рўз бо ҳайати Тоҷикистон мулоқот доир карда, новобаста аз маҳдудиятҳои мавҷуда дар Ӯзбекистон, ба хотири дар фасли зимистон қатъ нагардидани гази табиӣ барои Тоҷикистон, масъалаи интиқоли минбаъдаи онро ба таври мусбат ҳал намояд. Мулоқоти васеи ҷонибҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва бо ҳусни ҳамҷаворӣ баргузор шуд.“Новобаста аз он, ки феълан таъминоти дохилии гази табиӣ дар кишвари ҳамсоя то 85 фоиз баланд шуда, ҳаҷми интиқоли он ба Чину Русия низ афзудааст, ҷониби Ӯзбекистон масъалаи таҳвили ин маводи сўхт ба Тоҷикистонро ба таври мутақобилан судманд ҳал намуд”, — мӯътақид аст С. Шарофиддинов.Вай афзуд, ки дар натиҷаи гуфтушуниди ҷонибҳо байни ширкатҳои дахлдори ҳарду давлат оид ба интиқоли гази табиии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар соли 2012 дар ҳаҷми 200 млн. метри мкааб қарордод ба имзо расид. Дар ҳалли масъала вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон низ нақши фаъол доштанд.

Январь 9, 2012 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид