20 соли барқароршавии равобити дипломатии Тоҷикистону Эрон
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 9 январ аз рӯзи барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Эрон 20 – сол сипарӣ шуд. Тавре сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Давлат Назриев дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа яке аз давлатҳои нахустинест, ки соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта ва моҳи январи соли 1992 дар шаҳри Душанбе сафорати худро ифтитоҳ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июли соли 1995 дар шаҳри Теҳрон фаъолият дорад.«Аз он рӯз то инҷониб беш аз 100 созишнома перомуни ҳамкории дуҷониба имзо гардида, мулоқоти сарони давлатҳои ҳар ду давлат мунтазам баргузор мешавад. Эрон дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар сохтмони нақби «Истиқлол» ва «НБО Сангтӯда – 2», фаъолона иштирок дорад», — зикр намуд Давлат Назриев.Ҳамкории Тоҷикистону Эрон дурнамои нек дорад, ки ҳаҷми афзояндаи тиҷорати байни ҳар ду кишвар аз ин шаҳодат медиҳад. Сохторҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои калони Эрон дар татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан муфиди Тоҷикистону Эрон мустақиман иштирок намуда, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишварро ба зинаҳои боз ҳам баландтар бардоштаанд.Муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Эрон ба нафъи ҳар ду халқ ва ба манзури пойдории сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон сол аз сол рушду густариш меёбанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






