«Биржаи меҳнатии ҷавонон»-таъмингари ҷойи кор
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).–«Таъмини насли ҷавон бо шуғли доимӣ аз масоили асосӣ буда, ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани ҷавонон Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» дар давоми соли ҷорӣ 12 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронид, ки дар натиҷа 3340 нафар ҷавон бо ҷойи кор, аз ҷумла 1548 нафар бо ҷои кори доимӣ ва 1792 нафар бо корҳои мавсимӣ таъмин гардиданд. Аз ҳисоби Кумита дар давоми соли равон 410 нафар ҷавон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар фиристода шуданд», -иброз дошт Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.Таъкид шуд, ки дар назди «Биржаи меҳнатии ҷавонон» Маркази доимии иттилоотӣ оид ба ҷойҳои кории холӣ фаъолият менамояд ва тибқи маълумот он аз 933 ҷойи кории холии корхонаю муассисаҳо, аз ҷумла 220 ҷой дар хориҷи кишвар иборат буда, ин ҷойҳо ҳамарӯза ба корҷӯён пешниҳод мегарданд.Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳо дар самти дастгирии наврасону ҷавонони лаёқатманд 27 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, 1 медали тилло, 7 медали нуқра ва 20 мелали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин 189 нафар ҷавон дар олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ иштирок намуда, 56 медали тилло, 55 медали нуқра ва 78 медали биринҷиро соҳиб шуданд,- иброз доштанд масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд






