Дастгирии муассисаҳои маблағгузории кӯчак, хурд ва миёна
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 27 январи соли равон имзои Созишнома миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Чумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои маблағгузории хурди «Арванд», «Ҳумо ва шарикон», «Оксус» ва «Феникс +» перомуни пешниҳоди маблағҳои қарзие, ки Ҳукумати Чумҳурии Федеролии Олмон ҷудо намудааст, дар доираи лоиҳаи «Рушди низоми молиявӣ дар минтақаҳои деҳот» баргузор гардид. Ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз котиботи матбуотии вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ки барнома ба мустаҳкам намудани бахши маблағгузории хурд тавассути дастгирии муассисаҳои маблағгузории кӯчак, хурд ва миёна равона шудааст. Мақсад аз татбиқи лоиҳаи мазкур беҳсозии дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ мебошад. Ҳаҷми аввалаи маблағҳои грантии чудогардида ба 4,5 миллион евро баробар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






