Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон дар самти тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Вазорати фарҳанг ва Кумитаҳои дин, кор бо занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон бояд бо мақсади дастгирии истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумибашарӣ, пешгирии гароиши наврасону ҷавонон ба ҷараёну равияҳои бегона ва тарғиби тарзи ҳаёти солим чораҳои доимӣ амалӣ намоянд. Мақомоту сохторҳои мазкур якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба беҳтар намудани фаъолияти қасру клубҳои фарҳангӣ, марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, таъмиру таҷҳизонидани онҳо бо асбобу таҷҳизоти зарурӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, маъракаҳои оммавию таблиғотӣ ва мусобиқаву чорабиниҳо тадбирҳои мунтазам андешида, ҳамзамон бо ин дар бобати дастгирии ташаббусҳои ҷавонон дар самти тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ чораҷӯӣ намоянд,- супориш дод зимни маҷлиси ҳукумат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.Инчунин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифадор аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот ҷиҳати ташкили инфрасохтори туризм ва тақвияти рушди соҳа ҳамчун соҳаи афзалиятнок чораҷӯӣ намояд,- таъкид намуд ӯ.Вобаста ба ин бори дигар таъкид гардид, ки иҷрои супоришҳои ҳангоми мулоқоти Президенти кишвар бо варзишгарон додашуда бояд таҳти назорати доимии ҳамаи мақомоти давлатӣ қарор дошта бошад.Бо назардошти он, ки дар масъалаи пахши барномаҳои телевизиону радиои марказӣ дар бисёр ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишини дурдасти кӯҳистон, хусусан вилояти Суғд то ҳанӯз мушкилоти зиёд ҷой дорад, Кумитаи телевизион ва радио вазифадор аст бо ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои рафъи ин мушкилот тадбирҳои зарурӣ андешад.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






