Донишҳои сиёсии намояндагони ҲҲДТ такмил меёбад
Душанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳизби халқӣ –демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ охири моҳи январ дар Душанбе барои кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо курсҳои бозомӯзиро ташкил менамояд. Назар ба иттилои Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ, ҳадаф аз ташкили курсҳои омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсии кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ҲХДТ мебошад. Ба шунавандагони курсҳои омӯзишӣ сиёсатшиносону коршиносони масоили сиёсию байналмилалӣ, олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва дигар устодони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ муддати як ҳафта сабақ медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки ҲХДТ 18 сол муқаддам соли 1994 таъсис ёфтааст ва алҳол дар сафи худ 152 ҳазор нафарро муттаҳид менамояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






