Фурудгоҳи байналмилалии “Хуҷанд” хизматрасониро беҳ мегардонад

Январь 27, 2012 11:39

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд парвозҳо аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 2 ширкати миллӣ ва 10 ширкати интиқолдиҳандаи хориҷӣ анҷом дода мешаванд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар соли сипаришуда аз ҳаҷми умумии ҳамлу нақли мусофирон аз тариқи фурудгоҳи байналмиллалии “Хуҷанд” 50,4%-и интиқоли мусофирон ба дӯши ширкатҳои ҳавопймоии ватанӣ рост омад. Бояд гуфт, ки дар соли 2011 теъдоди мусофирон 591,7 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 105 ҳазор нафар мусофир мебошад.Ҳамчунин бо мақсади навсозӣ ва бо техника ҷиҳозонидани объектҳои фурудгоҳ зиёда аз 6 миллиону 824,5 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардид. Аз ҷумла, барои сохтани аэровокзали марказӣ ва омода намудани он барои ташкили самтҳои байналмилалӣ, таъмири асосии бинои аэровокзал ва мумфаршкунии майдони парвоз маблағи зиёд сарф шуд.

Январь 27, 2012 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад