Кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат дар соли 2011

Январь 10, 2012 10:55

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Соли 2011 дар асоси Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2010, №586 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба таври таҷрибавӣ механизми нави кӯмакпулии унвонӣ ба оилаҳои камбизоат ҷорӣ карда шуд. Тибқи ин механизм ба ҳар оилаи камбизоат дар ҳаҷми 100 сомонӣ ҳар се моҳ ва дар маҷмӯъ давоми сол 400 сомонӣ таъин ва пардохт карда шудДар робита ба иҷрои қарори мазкури Ҳукумати ҶТ дар соли 2011 аз ҷониби сохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан 5704 оила ва дар ноҳияи Ёвон 4910 оилаи камбизоат, дар маҷмӯъ 10 ҳазору 614 оила аз кӯмакпулии унвонӣ бархурдор гардид. Кӯмакпулии мазкур аз ҳисоби буҷаи давлатӣ тавассути нуқтаҳои Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ба сардори оилаи камбизоат пардохт карда мешавад. Дар назар аст, ки бо назардошти таҷрибаи пилотӣ дар соли 2013 ин механизм дар тамоми қаламравӣ ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шавад.

Январь 10, 2012 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад