Маркази бозомӯзии клиникӣ дар Ишкошим
Хоруғ, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Бунёди Оғохон дар ВМКБ баробари имдоди ғизоӣ, барои рушди соҳаи тибб ҳам мадад мерасонад. Дар маркази ноҳияи Ишкошим фаъолият доштани Маркази бозомӯзии клиникии хадамоти ҳифзулсиҳати Бунёди Оғохон мисоли равшани ин аст. Мақсад аз таъсиси маркази мазкур беҳдошти хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии табибон аст. Марказ ба ҳама талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ комилан мувофиқ буда, бо техника ва технологияи замонавӣ таъмин аст.Ташхису табобати эҳтиёҷмандон дар ин боргоҳ аз диди нав ҷараён дорад. Бартарии асосии он аз муассисоти дигари тиббии вилоят дар он аст, ки мутахассисон дар ин ҷо маҳорату таҷриба ва донишҳои худро пайваста сайқал медиҳанд.Дар ин ҷо ҳамчунин синфҳои компютерӣ ва Интернет фаъолият доранд. Дар назар аст, ки чунин марказҳои нави бозомӯзӣ дар дигар минтақаҳои Бадахшон низ дари худро ба рӯи мутахассисон боз менамоянд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






