Минтақабоб шудани 7 навъи зироат
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2011 тибқи барномаҳои тасдиқгардида фаъолият намуда, ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардиданд. Аз ҷумла дар соли 2011 –ум 7 навъи зироати кишоварзии таҳқиқнамудаи олимони Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ аз тарафи комиссияи давлатии озмоишии навъҳои зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии ҶТ минтақабоб шуда, 1 навъи пахтаи миёнанах ба комиссияи мазкур пешниҳод гардид,- иброз дошт саркотиби илмии Академия Давлатҷон Комилзода ба мухбири АМИТ «Ховар».Тибқи иттилои манбаъ муайян шудааст, ки дар шароити заминҳои лалмии Тоҷикистон бо истифода аз нуриҳои бактериядори «ризоторфин» ҳосилнокии нахӯду наск то 18 фоиз зиёд мегардад. Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ тавассути зерташкилоти худ соли 2011 651 тонна тухмии хушсифати кишоварзӣ истеҳсол намуд. Тавсияҳои олимони Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ дар тамоми хоҷагиҳои зертобеи он хуб истифода шуда, натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






