Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон»
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ҷумҳурӣ бо мақсади ба тартиб даровардани қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва масоили марбут ба моликияти зеҳнӣ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералии ҶТ ва масъулини Маркази миллии патент ва иттилоот семинари омўзишӣ баргузор гардид. Мутобиқи нақшаи пешбинишуда дар семинар машварати омӯзишӣ дар мавзӯъҳои «Риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» гузаронида шуд. Дар кори семинар дар баробари мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин нозирони марказҳои Турсунзода ва Ваҳдат иштирок намуданд. Қобили зикр аст, ки гузаронидани чунин семинарҳо баҳри беҳбуди робитаи корӣ миёни мақомот ва шаҳрвандон, инчунин пешбурди фаъолияти соҳа баҳри татбиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






