Сӯхтор коҳиш ёфт

Январь 13, 2012 10:06

Хоруғ, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Шӯъбаи Хадамоти оташнишонии ноҳияи Дарвоз қонуну фармонҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, қарорҳои ҳукумати вилоят ва шӯъбаи хадамоти оташнишонии ВМКБ – ро сармашқи кори худ қарор дода, барои баланд бардоштани вазъи бехатарӣ аз сӯхтори иншоотҳои хоҷагии халқ ва нуқоти аҳолинишин корҳои ташвиқоту тарғиботиро анҷом медиҳанд. Тавре роҳбари дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия Ризо Имомдодов иттилоъ дод, кормандони шӯъбаи мазкур байни аҳолӣ корҳои тавзеҳотиро мунтазам ривоҷ дода, инчунин таҳти унвони «Эҳтиёт – нисфи ҳаёт» ҷамъомаду вохӯриҳо ташкил медиҳанд, ки ҳадафи аслии онҳо муносибати эҳтиёткорона ба асбобу анҷоми барқӣ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор ва пешгирӣ кардани он аст. Ҳамаи ин имкон дод, ки сӯхтор дар ноҳия нисбат ба солҳои қаблӣ хеле кам шавад.

Январь 13, 2012 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад