Сайёҳӣ ва нафъи он ба буҷаи мамлакат
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар давоми соли 2011 ба кишвар 255 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид гаштааст, ки аз ин ҳисоб 183 ҳазор нафарашон сайёҳ мебошанд.Таҳлилҳо собит месозанд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба ҳайси сайёҳ ба ҷумҳурии мо бештар шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Чин, Туркия, Олмон, Ҷопон, Фаронса ва Куриёи Ҷанубӣ ташриф овардаанд. Дар маҷмӯъ, бо тариқи инфиродӣ ва гурӯҳӣ намояндагони зиёда аз 70 мамлакати дунё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ дидан намуданд, -зикр намуд раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов.Намояндагони Кумита моҳи октябри соли 2011 дар ҷаласаи 19-уми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Кёнҷуи Куриёи Ҷанубӣ баргузор гардид, ширкат намуданд. Сафари котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Толиб Рифоҳӣ ба Тоҷикистон, ки баъди ба ин мақоми воло интихоб шудани ӯ аввалин маротиба ба вуқӯъ пайваст баҳри муаррифии мамлакат ҳамчун минтақаи сайёҳӣ ва рушди соҳаи туризм такони ҷиддӣ бахшид.Дар доираи ҳамкориҳо бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистон нахустин кишваре буд, ки бо дастгирию ҳамовозии ҳамаҷонибаи 152 кишвари аъзо бо ин созмони бонуфуз Ёддошти тафоҳум дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро имзо намуд. Таъкид гардид, ки аз ҳисоби миёна ба буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби сайёҳон 85 миллион доллари амрикоӣ ворид гардидааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






