Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои Шўрои амният ва Вазорати корҳои дохилии ҶТ

Январь 28, 2012 11:17

Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар Шўрои амният, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳо пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
 
Баъди суҳбат бо Сарвари давлат чор нафар ба вазифаҳои машваратчии калон – сардорони шуъбаҳои дастгоҳи Шўрои амнияти кишвар доир ба амнияти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ ва иттилоотӣ, пешгўӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, се кас ба вазифаҳои сардорони раёсатҳои кофтукови ҷиноӣ, тафтишот ва муҳофизати тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд.Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Фархор, Қумсангир, Вахш, Балҷувон, Ҳисор ва Шаҳринав иваз карда шуданд.Муҳаббат Иброҳимов Сардори Маркази Тоҷикистон оид ба минаҳо таъин карда шуд. Зимни суҳбат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаҳои ногувори даст задании кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба амалҳои ҷиноию ѓайриқонунӣ бо таассуф ёдовар шуда, онҳоро ба иҷрои содиқонаю софдилонаи вазифаҳои пурмасъулияти дар наздашон гузошташуда, муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, таъмини амнияту субот дар ҷомеа ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавони соҳаҳои худ ҳидоят намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Январь 28, 2012 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад