Ташвиши роҳбари АНМН аз афзоиши воридшавии маводи нашъаовари синтетикӣ
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Тавре директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иброз дошт, кормандони пулиси Тоҷикистон дар соли 2011 – ум 5 ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари синтетикиро ошкор намуда ва беш аз 7 ҳазор адад қурс (таблетка) –и синтетикиро мусодира карданд. Роҳбари агентӣ аз афзудани ҳодисаҳои асосан аз Қазоқистон, Чин, Афғонистон ва кишварҳои араб ба Тоҷикистон воридшавии маводи нашъаовари синтетикӣ изҳори нигаронӣ кард. «Фикр мекунам, ки фаъолияти мо дар ин самт ғайриқаноатбахш аст, зеро ҳодисаҳои воридшавии ин намуди маводи нашъаовар ба кишвар сол аз сол меафзояд», — гуфт Рустам Назаров. Дар ҳоли ҳозир нақшаи кор якҷоя бо мақомоти прокуратура дар ин самт тасдиқ гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






