Телевизион ва радиои Тоҷикистон пурра ба пахши рақамӣ мегузарад
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Мувофиқи барномаи ҳукуматӣ «Доир ба гузаштан ба пахши рақамӣ то соли 2015» Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ пахши рақамиро пурра таъмин намояд. Дар соли сипаришуда марҳилаи аввал пурра ба анҷом расид, — гуфт ба хабарнигорони ВАО раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов.Зимни нишасти хабарӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Кумита барои беҳтар кардани шароити корию маишӣ ва зиндагии кормандон корҳои муассирро ба анҷом мерасонад. Чунончи, дар соли 2012 сохтмони бинои дуюми истиқоматӣ барои мутахассисони ҷавон ба нақша гирифта шудааст.Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалӣ дар соли 2012 курсҳои бозомӯзии мутахассисони гуногуни телевизиону радио ва киноро бо ҷалби донишмандони соҳибтаҷрибаи ҳамин соҳаҳо такмил медиҳад ва худи ҳамин сол харидории таҷҳизоти муосир ва лентаҳои киноро барои Киностудияи «Тоҷикфилм» дар нақша дорад, зикр гардид дар нишаст.Фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораву муассисаҳои зерсохтори он дар соли 2011-ро ҷиҳати ташвиқу тарғиби ғояҳои ватандориву худшиносии миллӣ ва инъикоси ҷараёни бунёдкориҳо дар кишвар метавон қаноатбахш арзёбӣ намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






