«Телевизиони Сафина» аз дигар шабакаҳо афзалтар аст

Январь 11, 2012 11:27

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» барои тайёр намудани кадрҳои журналистӣ мактаби махсус ташкил намудааст ва дар айни замон дар ин мактаб 15 нафар нозукиҳои касби рӯзноманигориро омӯхта истодаанд, -гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Лутфулло Давлатов.Мавсуф афзуд, ки Муассисаи давлатӣ ният дорад дар оянда студияи барномаҳои иттилоотӣ ва сиёсиро ба истифода диҳад, то иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ фавран ба аҳолӣ расонида шавад. Ташкили студияи дуюми маркази пахши барномаҳо ва муҷаҳҳаз намудани он бо техникаву технологияи ҷадиди муосири рақамӣ, ки барои пахши шабонарӯзии намоишҳои телевизион шароит муҳайё месозад, омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз, таҳияи барномаҳои наву ҷолиб аз қабили «Ҳукм», «Хонадон», «Кашшоф», «Ҳафт ахтар», «Бозёфт», «Ҷавҳар», «Далерон», «Ҷаҳони иқтисод», «Иртибот», ки дар ҷараёни таҳияанд, ҳамчунин вусъат додани тарҷума ва дубляжи филмҳои бадеӣ, мустанад ва илмию омӯзишӣ ба забони тоҷикӣ, ба роҳ мондани тарҷума дар субтитрҳо, ки аз чанд ҷиҳат бартариҳои худро дорад, сарфаи маблағ, таҳия ва ба наворгирии ду филми бадеию телевизионӣ ва филмҳои мустанад бахшида ба 15- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 20- солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва ташкили бунгоҳи хабарии Муассиса дар хориҷи кишвар номгӯи нопурраи нақшаҳои мо мебошанд,- таъкид намуд Лутфулло Давлатов.Солҳои охир бо пешниҳоди лоиҳаҳои ҷолибу диданӣ ва гузоришу барномаҳои баландпояи касбӣ шабакаи «ТВ Сафина» тавонист миёни тамошобинон мавқеи боз ҳам назаррас пайдо намояд.Зимни саволу ҷавоб намояндагони ВАО бо таъкиди бартарият ва афзалияти барномаҳои «Телевизони Сафина» аз дигар шабакаҳо изҳор доштанд, ки асоси мувафақияти барномасозии ин шабака дар ҷалби чеҳраҳои наву ҷавон ва соҳибмаҳорат мебошад.

Январь 11, 2012 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд