Барқияи табрикии сарвазири Япония Йошихико Нода ба Президенти Тоҷикистон

Февраль 3, 2012 10:23

Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз ҳамчунин Сарвазири Япония Йошихико Нода ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимии маро ба муносибати 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Япония ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.Баъди ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кишварҳои мо муносибатҳои неку бобарор оғоз гардид.Дар робита ба рух додани ҳодисаи мудҳиш — зилзила дар қисми шарқии Япония дар моҳи марти соли гузашта мо аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, ва мардуми дӯсти тоҷик ҳамдардии амиқ ва суханони самимии тасаллибахш қабул кардем.Бо истифода аз ин фурсат барои ҳамдардии амиқатон изҳори сипос менамоям.Кишвари мо Тоҷикистонро аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.Мо ният дорем, ки минбаъд низ мамлакати Шуморо дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла ободонии мамлакат, татбиқи ислоҳоти гуногуни иқтисодӣ ва рушди кишвар дастгирӣ намоем.Итминони комил дорам, ки таҷлили 20 — умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ такони бузурге дар роҳи таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳоямон бо Тоҷикистон ва мардуми тоҷик мегардад.Бо ҳавасмандии зиёд мехоҳам, ки бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар ҳамаи ҷанбаҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯби муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» ҳамкории фаъол намоям. Иҷозат фармоед, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар фаъолияти роҳбариатон саломатию комёбӣ ва ба халқи тоҷик бахту шукуфоиро орзу намоям».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 3, 2012 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!