Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммедов

Февраль 14, 2012 09:00

Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар»). — 13 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷаноби Қурбонгули Бердимуҳаммедов ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Туркманистон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:Мӯҳтарам Қурбонгули Маликқулиевич,Ба муносибати пирӯзии комилатон дар интихоботи навбатии Президенти Туркманистони дӯст табрикоту таҳнияти самимонатаринамро бо сурури зиёд ба Шумо ирсол медорам.Ба ин мансаби олӣ аз нав интихоб шудани Шумо боз як далели сиёсати устуворонаи Шуморо васеъ дастгирӣ намудани халқи бародари Туркманистон мебошад, ки мақсад аз он рушди минбаъдаи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқи он аст. Аминам, ки муносибатҳои имрӯзаи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаи миёни кишварҳоямон нафақат ба нафъи ҳар ду давлат хизмат мекунанд, балки омили муҳими сулҳу суботи минтақа ҳам мебошанд.Мо Шуморо ба ҳайси ҷонибдори собитқадами рушди маҳз чунин муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Туркманистон шинохта, омодаем, ки барои рушди минбаъдаи ин муносибатҳо ба нафъи халҳоямон якҷоя бо Шумо ҳамаи чораҳои заруриро бинем.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 14, 2012 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон