Дар вилояти Суғд истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ афзоиш меёбад
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар соли 2011 – ум 40 корхонаи тавлиди масолеҳи сохтмонии вилояти Суғд 21,8 ҳазор тонна семент, 21,7 миллион адад хишти пухта, 3 миллион адад хишти хом, 8,3 ҳазор метри мураббаъ санги мухталифи ороишӣ, 28,3 ҳазор метри мукааб регу шағал, ҳамчунин 225,6 ҳазор метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ истеҳсол намуданд. Дар ин бора дар Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Бо мадади Вазорати энергетика ва саноати ҶТ моҳи марти соли 2011 дар шаҳри Қайроққум аввалин корхонаи тавлиди шишаи сохтмонӣ ба истифода дода шуда буд, ки иқтидори истеҳсолиаш 1,3 миллион метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ дар як сол мебошад. Корхона аз рӯи натиҷаи соли гузашта ба маблағи 225 ҳазору 600 сомонӣ маҳсулот бароварда, 150 ҷойи нави корӣ муҳайё сохт. Моҳи апрели соли 2011 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҶММ «Ободкори Хуҷанд» ба кор шурӯъ кард, ки соле 5 миллион адад хишт мепазад. Дар ноҳияи Мастчоҳ низ корхонаи хиштпазии ҶС «Ҳоҷи Мирисмоил» ба истифода дода шудааст, ки иқтидори солонаи он ҳам 5 миллион адад хишт мебошад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






