Дастаи мунтахаби футбол: вохӯрии дуввуми таҷрибавӣ
Душанбе, 20 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Имрӯз дастаи мунтахаби кишварамон, ки тайёриашро ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон ва Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё дар Туркия идома медиҳад, вохӯрии дуввуми таҷрибавии худро бо дастаи «Нистру»-и Молдова барпо мекунад. Ба қавли сухангӯи Федератсияи футболи ҷумҳурӣ Фаридун Солиев, ки дастаро ҳамроҳӣ мекунад, дастаи мо мебоист рӯзи 18 феврал бо дастаи «Клуж» бозии дӯстона доир мекард, вале ин вохӯрӣ бо сабабҳои номаълум барпо нагардид. Ёдрас мешавем, ки бори аввал дар таърихи дастаи мунтахаби мамлакат онро ба бозиҳои байналмилалӣ мутахассиси хориҷӣ Камол Алиспахич омода мекунад ва дастаи мо бори аввал дар бозии охирини интихобии Ҷоми ҷаҳон бо дастаи мунтахаби Куриёи Халқӣ-Демократӣ рӯзи 29 феврал дар шаҳри Хуҷанд вориди майдон мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






