Эҳтиёҷмандон соҳиби манзили зист гардиданд

Февраль 11, 2012 10:44

 Кӯлоб, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон тақсими замини манзилӣ идома дорад ва то ин муддат 2580 нафар эҳтиёҷманд дар ҳудуди шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот соҳиби замин гардиданд. Ба қавли Санифамо Элмуродова, раиси комиссияи манзилии ноҳия аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 258 гектар замин ҷудо гардид, ки ба ҳар нафари эҳтиёҷманд 0,7 сотихӣ рост меояд. Нафарони замингир занҳои танҳо, кормандони фарҳанг, маориф ва оилаҳои серфарзанд мебошанд. Аъзои комиссия дар ҳайати 11 нафар тақсими заминро ба таври қуръапартоӣ роҳандозӣ менамоянд.

Февраль 11, 2012 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд