Фестивали байналмилалии мусиқӣ дар Молдова
Маскав, 29 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ аз 1 то 10 март дар Молдова бахшида ба фаро расидани фасли баҳор Фестивали 46 – уми байналмилалии мусиқии «Мэртсишор – 2012» баргузор мегардад.Барномаи асосии консертии ин чорабиниро ҳунарнамоии ҳунарпешагон ва дастаҳои эҷодии кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил медиҳад. Дар ин бора дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Молдова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар қисми аврупоии кишварҳои ИДМ хабар доданд. Имсол фестивали байналмилалии мусиқии «Мэртсишор» иборат аз барномаи васеи фарҳангӣ буда, аз ҷумла 32 консерт баргузор мешавад. Дар фестивал баробари ҳунарпешагони номии Молдова ҳунарпешагони тамоми ҷаҳон ва кишварҳои аъзои Иттиҳод низ ҳунарнамоӣ мекунанд.Қобили зикр аст, ки «Мэртсишор – 2012» мушобеҳи рӯзи байналмилалии «Наврӯз – 2012» дар Тоҷикистон мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






