Генерал Фрейзер ба Тоҷикистон омад

Февраль 14, 2012 14:38

Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – 13 феврал фармондеҳи ҳайати фармондеҳони нақлиётии ИМА генерал Уилям М.Фрейзер барои боздид ба Тоҷикистон омад. Ҳайати фармондеҳони нақлиётии ИМА, ки генерал Фрейзер роҳбари он мебошад, қонеъ гардонидани ҳамаи эҳтиёҷоти нақлиётии Вазорати мудофиаи ИМА – ро ба ӯҳда дорад.Тавре дар Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, генерал Фрейзер дар шаҳри Душанбе бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковник Шералӣ Хайруллоев ва фармондеҳи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ генерал – лейтенант Шералӣ Мирзо мулоқот анҷом дод.Фрейзер вақтҳои наздиктарин аз якчанд кишвари Аврупо ва Осиёи Марказӣ дидан мекунад.

Февраль 14, 2012 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид